Дараҷа
Опрос
Сайтамонро бахо монед
Всего ответов: 516
Дустони мо
Чати хурд
 
200
Форум
Автор: mc_rauf Ответов: 1146
Реклама 150x200
Статистикаи сомона
Дар шабака хамаги: 1
Мехмонхо: 1
Истифодабарнадахо: 0
Ҳозир дар шабака:
ҳаст
Имруз
Наши реквизиты
Главная » Статьи » Мои статьи

Донишҷӯи муваффақ кист?

Соли хониши 2012-2013-ум ҳам оғоз меёбад. Дари тамоми мактабҳо, омӯзишгоҳҳову донишгоҳҳо ба рӯи хонандагону донишҷӯёнаш боз мешаванд. Боз  мисли соли хониши гузашта ҳар рӯзе ҳазорон фарзандони ин диёр дар  муассисаҳои таълимӣ ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд…

Аммо мо сари ин мавзӯъ баҳс хоҳем кард, ки «Донишҷӯйи муваффақ кист?» Дар асри XXI зиндагӣ дорем. Асри ҷаҳонишавӣ ва технология, ки ба технологияи муосир -  интернет, компютер, китобҳои электронӣ, савтӣ, видеоӣ, мобилӣ ва сомона (сайт)-ҳои омӯзишӣ ва ба қадри имкон ба китобҳои лозима ва ғайраҳо дастрасӣ дорем ва дар ихтиёри мо донишгоҳҳою донишкадаҳои мухталифе қарор доранд…

Дар умум, бархеҳо муваффақ будани толибилмро дар омӯхтани илмҳои дақиқ ва технологӣ мебинанд, зеро кишварҳои тараққикардаи олам бузургтарин ва пешрафтатарин технологияро ихтироъ намуда, дастраси оламиён мегардонанд. Гурӯҳе ба илмҳои адабӣ рӯ оварда, иртибот ва пайванд бо ниёгонро омили муваффақ будан медонанд. Тоифае ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ рӯй меоранд, ки алоқаи байни миллатҳоро саҳлу имконпазир менамоянд, сабаби муввафақ будани донишҷӯи имрӯза медонанд. Аммо баъзе аз ҳамватанон муваффақияти як донишҷӯйро дар аз бар намудани илмҳои динӣ мебинанд, ки ба андешаи онҳо таъмини амнияти рӯҳию равонии шахс, сабаби рӯҳбаланд ва ба дигар илмҳо рӯй овардани онҳо мегардад…

Шояд донишҷуёне  ёфт шаванд, ки «муваффақ» будани худро дар тарки илмомӯзӣ бинанд. Зеро донишҷӯёне ҳам дорем, ки даст аз таҳсил бар медоранд, аз пайи дарёфти ризқу рӯзӣ мегарданд ва ё роҳи муҳоҷирати кориро пеш мегиранд ва ё шояд аз донишҷӯёне, ки давраи таҷрибаомӯзиашон ба тоза кардани чангҳои китобҳои китобхонаи ин ё он донишгоҳ мегузарад ва ё ҳангоми коромӯзи донишҷуёни риштаи филолог аз фанни алгебра дар мактабҳо дарс мегӯянд,  донишҷӯи муваффақро пайдо кардан амри маҳол аст. Ва…ва…

 Хуллас, доир ба мавзӯи зикршуда ҳар нафаре вобаста ба шароит ва имконот  андешаҳои гуногунеро матраҳ менамояд.

(Суол):  Пас, ба андешаи Шумо «Донишҷӯи муваффақ кист?»

Фирдавсӣ Нуралиён:

Донишҷӯи муваффақ, касест, ки донишро дӯст медорад ва барои мустақбали худ ҳадафи муайян гузошта аст. Пешаеро бармегузинад, ки барои фаҳми ӯ ва қудратҳои баданӣ ва имкониятҳои муяссар ва сатҳи дониши ӯ созгор аст. Ҳадафаш гузаштани имтиҳонот ва диплопгирии муҷаррад ва ба киса задани он нест. Барои расидан ба ҳадафи илмӣ ва касбӣ аз рӯёрӯӣ бо душвориҳои донишомӯзӣ намеҳаросад, азму иродаи қавӣ ва ҳиммати баланд, сабру таҳаммул дорад. Танбал ва гаронҷон нест. Вақташро ба ҷои зоеъ кардан барои донишомӯзӣ танзим мекунад ва то нимашаб ё то субҳдам пушти бозиҳои компютер ва чат задани беҳуда ва рой доданҳо дар Фейсбук бедорхобӣ намекунад. Шарту шароити дигарро ҳам барои муваффақ буданаш метавон ёд кард, вале муҳимтар аз ҳама самара ва натиҷаи воқеъӣ додани илмомӯзии ӯст, ки оё аз кори илмии ӯ суде ҳаст ва ё чун ба вазифае бирасад, барои суди мардум ифои вазифа мекунад? Донишҷӯ ҳам ба занбӯри асал шабоҳат дорад. Занбӯри асал муддате аз паи гирд овардани шаҳд ба масофаҳои дур парвоз мекунад, заҳмат мекашад, то ангубин андӯзад. Донишҷӯ низ пас аз хатми донишгоҳ, ки анҷоми гирдоварии шаҳди илм аст, агар бо натиҷаи пажӯҳишҳои илмӣ ва ё самараи кораш мардумро ширинком кунад, муваффақ аст ва илло на.

Абдуллоҳ Мукаммилов, собиқ омӯзгори Донишкадаи исломии Тоҷикистон, ба номи Имом Абӯҳанифа:

Мо бояд пеш аз посух гуфтан ба ин савол чанд нуктаро ба назар гирем. Якум: вазъияти имрӯзаи донишҷӯёни мо дар кадом холат карор дорад? Дуюм: оё мо дар майдони таҳсилу таълим донишҷӯёни воқеан ҳам муваффақ дорем ё не? Сеюм: чаро гузаштагони мо бо вуҷуди он ки аз нигоҳи технологӣ танқисӣ мекашиданд, вале ба он ҳама дастовардҳо ноил гаштанд ва то имрӯз ҳамаи мо нонрезахури дастархони илму таҳқиқоти онҳо ҳастем?

Ба андешаи ман сифатҳои асосии як донишҷӯи муввафақ дар худи ҳамон саволгузории Шумо ҷамъоварӣ  шуда аст. Мутаассифона, имрӯз аз сабаби он ки бисёре аз донишҷӯён  ҳамон сифатҳо ва имкониятҳои зикркардаи шуморо дар якҷоягӣ дар ихтиёр надоранд ва ё намехоҳанд дар ихтиёр дошта бошанд, пас ин номуваффақиятҳо ба вуҷуд меояд. Яъне барои донишҷӯи муваффақ шудан бояд дину дунёро канори ҳам гузорем. Албатта, динро ба ҳамон маънои васеаш бояд бифаҳмем на ба маънои танге, ки баъзеҳо аз гузаштагонашон ба таври тақлидӣ фаҳмидаанд. Вале дар баробари диндор будан набояд ҷониби дунёро тарк кунем. Хуллас, муҳимтарин сифатҳои донишҷӯи муваффак ин аст: эътиқоди солим доштан, андешаи васеи муосири фарҳангӣ доштан, нисбати вақт ниҳоят ҳарис будан, доим ба тарбияи нафс диққат додан, пойбанди ибодат будан ва ...

Дар охир як чизро бояд қайд кард, ки вобаста ба ин мавзӯъ мешавад, ки як китоб таълиф намуд. Ман танҳо андешаи худро дар чанд ҷумла, он ҳам ба таври мухтасар, хулоса намудам.   

Аъзамшоҳ Қуқаншоҳ, рӯзноманигор:

Ба назари ман донишҷӯёни мо на он қадар шароити хубе доранд, ки ҷавобгӯи замон бошад. Доштани интернет ва диску дигар шароитҳо маънои доштани хуби шароит нест, балки донишҷӯ аввалан бояд шиками сер дошта бошад ва аз дидгоҳи моддӣ таъмин. Идрорпулие, ки донишҷӯ мегирад ба роҳкирояш намерасад, куҷо равад ба пӯшоку хӯрок. Он афроде, ки аз ин шароитҳо таъминанд ками андар ками онҳо таваҷҷӯҳ ба хондан доранд, зеро боварӣ доранд, ки «ҷоеро» барояшон «зайнит» кардаанд.

Дуввум ин ки ҳанӯз донишгоҳҳои мо аз тамоми васоили таҷрибавӣ ва китобҳои илмии имрӯза таъмин нестанд. Соҳаҳои техникӣ- таҷрибавӣ тамоман сустанд.

Илова бар ин давлате, ки қудрати сохтани сӯзанро надорад, дар он ҷо пайдо кардани донишҷӯи муваффақ ҳам душвор аст. Хулоса барои донишҷӯи муваффақ шудан бояд  нахуст аз мактаби ҳамагонӣ системаи таҳсилро дуруст кард, то барои ворид шудан ба мактабҳои касбиву олӣ осонтар бошад. Бо ин системаи фалаҷ ва норасоии муаллимони ҳирфавӣ душвор аст донишҷӯи муваффаққеро омода кард.

Дар ҳар сурат ҳар касе бикӯшад ва касби интихобкардаашро дӯст дорад, метавонад муваффақ шавад. Аммо қиёс кардани донишҷӯи Донишгоҳи Тоҷикистонро ба донишҷӯи кишварҳои дигар фарқ замину самост. Зеро он ҷо донишҷӯ ҳама шароитро дорад. Пас донишҷӯи муваффақ бояд ҳатман дар хориҷ аз Тоҷикистон ҳам таҳсилу таҷрба омӯзад. Зеро дар мо ҳастанд ҷавононе, ки қудрати ихтироъ ва сохтанро доранд,(таври мисол мошини барқӣ ва ғ.) вале боз ҳамон набудани шароит ва дастгирӣ наёфтан аз ҷонибе маҷбуранд даст аз талаби илм бардоранду ё даст ба савдо зананд ва ё ночор муҳоҷир шаванд.

Беҳрӯз Чиллаев, донишҷӯ:

Дар посух ба ин суол, ки чи ҷавоне метавонад «донишҷӯйи муваффақ бошад?» Бояд гуфт, ки корҳое вуҷуд дорад, ки ҳар ҷавонеро ва ё ҳар фардеро ба қуллаҳои  муваффақият мерасонад.   Нахустин амале, ки як ҷавони донишҷӯйро  метавонад ба комёбӣ мушарраф гардонад, ин ҳамоно бандагии Худованди пок аст. Зеро ки Парвардигор дар Қуръон фармудааст: «Мо ҷиниён ва инсонро барои он офаридем, ки маро ибодат кунанд» ва ибодати Худованд фарогири ҳама ҷодаҳои зиндагист. Касе ҳам наметавонад бо ҳеҷ далеле инро инкор кард.  Ба он далеле , ки Парвардигор барои ба комёбии дунё ва охират расидани бандагонаш, ҳаёти онҳоро дар беҳтарин сурат наққошӣ мекунад. Парвардигор барои роҳнамоии башарият  дар дунё паёмбарону расулони зиёдеро фиристодааст. Аз гузашти таърих хулосабарорӣ мекунем, ки чи касе дар зиндагӣ пирӯзу муваффақ шудааст ва онҳое, ки аз дини Худо ва фиристодаҳои Худованд пайравӣ карданд ҳамоно муваффақу комёб шуданд. Худованд билохира тарҳи беҳтарин зиндагиеро  бо номи  «Ислом» барномарезӣ намуд. Дар ин бора Парвардигор фармудааст: «беҳтарин дин назди Худованд, Ислом аст» Барои роҳнамоӣ ба ин роҳ Муҳаммад (с)-ро  ҳамчун роҳнамо ва тарбиятгаре ба паёмбарӣ баргузид, ки беҳтарини офаридаҳои Худованд аст. Паёмбаре, ки Худованд ахлоқи ӯро ороста гардонид ва васфи онро дар Қуръон барои башарият намуна ва ҷовид пойдор гузошт. Ҳамонҷо, ки фармудааст: «Дорои ахлоқи бузургӣ, эй Муҳаммад (с)»  Худованд барои ин мударриси башарият китобе ва ё роҳномае бо номи Қуръони карим фиристод, ки ҳеҷ фарде наметавон дар баробари як ҳарфаш монандеро эҷод намояд ва ин китобест, ки ҷавону пирро ба камоли хушбахтию саодат ва пирӯзию муваффақият мерасонад Чи дине хубтар аз Ислому, чи китобе хуштару фасеҳтар аз Қуръон ва кадом ҷавоне ва ё фарде метавонад аз Паёмбар (с) муваффақтар бошад? Ба ин хотир ҳар як донишҷӯйе, ки мехоҳад ба мувафаққият ноил гардад, ӯро мебояд аввалан худро комилан ба бандагии Худованд супорад. Исломро ҳамчун барномаи зиндагии худ донад ва дар амал аз он истифода барад, инчунин бояд ҷомаи ахлоқи Паёмбар (с)-ро ба бар намояд. Дар ин сурат ҳар ҷавони донишҷӯйе метавонад мувафақ бошад.  

Барои пурра фаҳмонидани ин мавзӯъ солҳо ҳам камӣ хоҳад кард, аммо муҳимм ин ки барои ба мувафаққият расидани як донишҷӯйи ҷавон дар ҳар соҳае, ки бошад, дилбастигии Ислому Қуръон ва ҳаёти Паёмбар (с) нуқтаи ҳалкунанда аст . Ҳар донишҷӯйе, ки худшиносии шахсиро тай намуд, ҳатман рӯзе ба муваффақият хоҳад расид.

Нуқтаи дуюм, ки як донишҷӯ ва ё ҳар фардеро метавонад ба комёбӣ ноил гардонад, ин кӯшишу ғайрат ва меҳнату ҳиммати ӯст.  Худованд ҳам борҳо дар Қуръон ёдоварӣ намудааст, ки мо подоши ҳар як  меҳнаткунандаеро медиҳем ва амали ҳеҷ шахсе бе подош нахоҳад монд ва ё амали ҳеҷ касеро зоеъ нахоҳем кард. Ҳангоме ки ба қуллаи кӯҳе мехоҳӣ бароӣ, ба сангрезаҳои наздат назар маяфкан, балки қуллаи кӯҳро нишон қарор  деҳ. Зи пастӣ метавон рафтан ба бом оҳиста-оҳиста.

    
      Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад,
Агар хоре бувад, гулдаста гардад.

Ғоибназар Беков, директори хонаи фарҳанги шаҳраки Меҳнатобод, ноҳияи Зафаробод, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон:

Ба андешаи ман, донишҷӯи муваффақ ин он нафаре мебошад, ки сӯи муваффақият бо андешаи чуқур равона бошад, яъне ӯ ба дониш, заковат, ақлу идроки худ боварӣ дошта  бошад, ба ҳама гуна монеаҳо омода буда, аз мушкилиҳо наҳаросад.

Чунон ки зиндагӣ мубориза аст, муваффақ гаштан ба мақсад низ мубориза ба ҳисоб меравад. Дар вақти ба мушкилӣ рӯ ба рӯ гаштан айбро бар дигарон бор накунад (яъне шароит нест, фалонӣ монеъ шуд, ин ҷо ноҳақӣ, он ҷо маъқул нест ва ғайраҳо).

Шахс ҳамон вақт муваффақ мегардад, ки дар мушкилтарин дар роҳи ҳалли муаммо чора андешида тавонад (дар ин роҳ аз маслиҳатҳо истифода барад, таҷриба андӯзад, чора ҷӯяд).

Аз камбудиҳою нобаробариҳои атроф барои ҷомеа хулоса баровардан нашояд, чунки онҳо парокандаанд, «зӯри мушт – дар ангушт» гуфтаанд.

  Агар сидқан бикӯшӣ дар роҳи ҳақ,
Ҳамегардӣ ту албатта муваффақ.

Мушкилиҳо, ноҷуриҳо, нотавонбиниҳо, монеагузориҳо шахс хаста мегардонад, аммо мубориз бошед! Ба қудрату тавоноӣ ва идроки хеш соҳибӣ кунед!

    Мард бояд ки ҳаросон нашавад,
   Мушкиле нест, ки осон нашавад.

Зайдуллои Абдулло, хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон:

Имрӯзҳо дар асри XXI карор дорем, ки ин асрро асри илму технология мегӯянд. Пас дар ин шароитҳои фароҳам вазифаи донишҷӯи асил, бояд ҷустану хондан ва ихтирооти нав ба нав бошад. Донишҷӯ вакте муваффақ шуда метавонад, ки ҳамеша фурсатро ғанимат дониста, такия ба илму технология дошта бошад.

Ду сабаб омили муваффақ нагардидани донишҷӯ мегардад: 1.Агар падару модар, фарзандашонро ба касбе равона созанд, ки мувофиқи шавқу хавас ва завқи ӯ набошад. 2.Донишҷӯ касберо, ки худаш интихоб мекунад, агар дар ихтисоси хеш кӯр-кӯрона назар кунад, пас мувафакиятро аз даст дода, ҳатто паршикаста мешавад. Яъне вобастаги ду тарафа аст, яке волидайн, дигаре худи донишҷӯ.

Гуфтан ба маврид аст, ки донишҷӯ бояд аз мафҳуми унвонаш «донишҷӯй» бохабар бошад, ки  дар забони арабӣ онро «толибу-л-илм» мегӯянд, яъне талабкунандаи илм. Агар донишҷӯи асил фурсату шароитро ғанимат дониста, аз пайи илмандӯзӣ шавад, пас муваффакияти калон ва хушбахтиҳои зиёде ӯро мунтазир аст.

Донишҷӯи муваффак, танҳо муваффақ намешавад, баки назди Худо як фарзиятеро адо мекунад, ки ин фарзият хам илмандӯзист. Пас, оё  аз ин ҳам муваффакияти бузурге вучуд дорад? Албатта не.

Муваффакияти хар донишҷӯ ин соҳибқаламиву соҳибилмист. Чаро бояд чунин бошад, зеро дар ҷаҳони имрӯз донишҷӯёне ба чашм мерасанд, ки ба ном донишҷӯянд, аммо ба гӯшаи даргохи маърифатӣ, яъне донишгоҳҳо гузар накардаанд. Пас дӯстони азиз! Ин гуна донишҷӯ дар кадом асру замон муваффак мешавад?

Хулоса, андешаи банда ин аст, ки донишҷӯи муваффак онест, ки риштаи илмро мустаҳкам медораду аз пайи хушбахтии хеш мешавад.

Категория: Мои статьи | Добавил: mc_rauf (08.01.2013)
Просмотров: 1982 | Рейтинг: 3.5/2
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]