Дараҷа
Опрос
Сайтамонро бахо монед
Всего ответов: 516
Дустони мо
Чати хурд
 
200
Форум
Автор: mc_rauf Ответов: 1146
Реклама 150x200
Статистикаи сомона
Дар шабака хамаги: 1
Мехмонхо: 1
Истифодабарнадахо: 0
Ҳозир дар шабака:
ҳаст
Имруз
Наши реквизиты
Главная » Статьи » Мои статьи

Телефонҳои мобилӣ: чӣ гуна аз зарари он худро ҳифз кунем?

Телефонҳои мобилӣ: чӣ гуна аз зарари он худро ҳифз кунем?

«Шуоъафкании ихтиёрии мағзи сар бо мавҷҳои хурд аз телефони мобилӣ – ин тадқиқоти аз ҳама бузурги биологӣ дар инсон аст».

Нейрохирурги шведӣ, профессор Лэйф Сэлфорд

Аввалин телефонҳои мобилӣ ханӯз 20 сол пеш дар давлати Шветсия пайдо шуда буданд. Ва ҳамоно тавонистанд бо кадамҳои бузурги худ тамоми чаҳонро забт намоянд. Сол аз сол шумораи дорандагони чунин телефонҳо бештар мешаванд. Акнун аксарияти мардум, аз ҷумла муаллифи сатрҳои мазкур ва манн бовар дорам ки хонандаи манн бе алоқаи мобилӣ ҳаёти худро ҳатто тасаввур карда наметавонад. Телефонҳои мобилӣ бо ҳаёти мо хеле зич пайвастааст. Одам дар куҷое ки вазифадор аст 24 соати як шабонарӯз дар алоқа бошад, то ки аз ягон ҳодисаи миҳими ҳаёти худ қафо намонад. Ва аз чӣ бошад, ки дар бораи таъсири телефон ба саломатии инсон кассе фикр намекунад.  Гарчанде тибқи ҳисоботи омории операторҳои алоқаи бесим (сотовый):

- тақрибан 70 (ҳафтод) дарсади истифодабарандагон бо телефон зиёда аз 30 дақиқа дар як рӯз гуфтугӯ мекунанд;

- 30 дарсали одамон дутоӣ телефонии ҳамроҳ (мобилӣ) доранд ва мунтазам аз онҳо истифода мебаранд;

- 40 дарсади шаҳрвандони мо шабҳо ҳангоми хоб телефонҳояшонро дар масофаи камтар аз 0,7 метр назди сарашон мегузоранд, бехабар аз он ки ҳатто ҳамин телефонии хомуш низ доимо бо истгоҳи базавӣ дар алоқа мебошад;

- фақат 20 дарсади истифодабарандагон медонанд, ки таъсири телефони мобилӣ ба инсон аз ҳад зиёд зараровар мебошад.

Осеби мағзи сар

Феълан собит шуда ки телефонии мобилӣ зарар дорад ва он аз ҳама зиёд ба афканишоти электромагнитӣ, ки гӯшӣ (трубка) дар атрофии худ ҷамъ мекунад, алоқаманд аст. Чунин майдонро ҳар як асбоби барқӣ, чӣ яхдон ва чи телевизору чи печи хурдмавҷ ба вуҷуд меорад. Вале фарқият бо дигар асбобҳои барқӣ, телефонҳои мобилӣ бевосита бо мағзи сари мо сару кор дорад ва чандин карат таъсири зараи майдони электромагнитиро ба мағзи сар зиёд менамояд. Тибқи андешаи олимон афканишоти электромагнитӣ пеш аз ҳама барои он ба инсон аз ҳад зиёд хатарнок аст, ки он муддати дароз аз худ ягон аломате нишон надода, дар паёмад ба организм самараи гӯшношунид ба бор меорад. Махсусан агар он ба узви мураккаб ва ҳассос – мағзи сар алоқаманд бошад. Чунки тағйироти начандон калони мағзи сар метавонад ба тамоми организми инсон таъсири бузург расонад. Андешаҳои зиёде вуҷуд доранд, ки баъди таъсири афканишоти телефонии мобилӣ дар мағзи сари инсон чӣ ҳодисаҳое рух медиҳанд. Андешаи аз ҳама муҳим бар асари истифодаи тӯлонии телефонии мобилӣ имконияти ба вуҷуд омадани касалиҳои саратонӣ мебошад. Онро олимон дар натиҷаи таҷрибаҳои бешумори бо ҳайвонот ва одамон гузаронидаашон пешниҳод намудаанд.

Масалан Уилям Стюарт олими шотландӣ дар кирмҳои боронӣ таҷриба гузаронид. Нурафканиҳои телефонии мобилӣ сохтори сафедаи кирмҳоро иваз намуд. «Бофтаҳои зинда чун пораи гӯшт дар печи хурдмавҷ бирён мешаванд», тасдиқ мекунад Стюарт.

Чунин таҷрибаҳо дар Русия низ гузаронида шуданд. Қурбоққаҳои одиро дар майдони электромагнитии басомадаш баланд муддати 10 – 15 дақиқа санҷиданд. Ҳангоми шуоъзании ҳатто хеле паст дили ҳар як қурбоққаи дуюм аз кор монд.

Тобистони соли 2003-ум олимони шведи ҳангоми таҷриба бо калламушҳо изҳор доштанд, ки шуоъҳои мобилӣ дар мағзи сари калламушҳо паёмадҳои ногувор овард. Ҳайвонҳо муддати ду соат зери шуоъи  телефонҳои мобилӣ қарор гирифтанд. Баъд аз 50 рӯзи ин таҷриба олимон мағзи сари онҳоро бо ёрии заррабин (микроскоп) таҳқиқ намуда, харобшавии рагҳо ва манбаи нейронҳои хушкшударо пайдо намуданд. Чӣ кадар радиатсияи мобилӣ сахттар бошад, ҳамон қадар зарари расонидашуда зиёдтар буд. Хулосаҳои олимон хеле рӯҳафтодакунанда буданд: «Аз эҳтимол дур нест, ки ба мағзи сари одам низ телефонҳои мобилӣ айнан чунин таъсироти манфӣ мерасонанд, чунки сохтори он ба мағзи сари калламушҳо монанд аст».

Зиён ба организм

Телефонии мобилӣ на танҳо ба сар, балки ба тамоми узвҳои бадан таъсир мерасонад. Ҳангоми танаффуси байни гуфтугӯҳо бисёре аз мо онро дар ҷайю, баъзан наздамон гузошта мехобем. Яъне сарчашмаи зиёди афканишоти электромагнитиро бевосита дар назди худ нигоҳ дошта, организмамонро ба сарбории гароне гирифтор мекунем, ки он боиси сустшавии на фақат системаи марказии асаб, балки ба пастшавии муқовиматпазирии организи ба ангезаҳои дарунӣ, бактерия ва вирусҳои касалиовар мегардад.

Кӯдакон бештар зарар мебинанд

Агар насли калонсон бо телефони мобилӣ дар сини балоғат шинос шуда бошад, вале айни замон истифодабарандаи телефони мобилӣ кӯдакон мебошанд ва ҷои тааҷҷуб нест, ки падару модарон бо майли том ба онҳо телефонии мобилӣ мехаранд, то мунтазам воқиф бошанд, ки фарзандашон дар куҷоянд ва ба чи кор машғуланд. Огаҳӣ аз вазъи фарзадон хуб аст, вале организми обутобнаётаи кӯдак нисбат ба одами калонсол зарари бештар мебинад. Азбаски телефонҳои муосир аз ҳад зиёд ба компютер шабоҳат доранд, аниси кӯдакон гаштаанд.

Соли 2005 дар шаҳраки Шерман Оакси Калифорния писарбачаи даҳсола ҳангоми дар ҷайбан таркидани (!) телефонии мобилӣ қариб сӯхта нобуд мегашт.

Барои ҳамин тавсия дода мешавад, ки истифодаи телефонӣ мобилӣ барои кӯдакони то 16 сола маҳдуд карда шавад. Вале бо сабаби он ки ташаккули мағзи сар якчанд соли дома меёбад, баъди 16 солагӣ низ худорӣ намудан аз истифодаи телефонии мобилӣ мӯҳлати бештар мквофиқи мақсад аст.

Мо ҳама дар майдони электромагнитӣ қарор дорем

Дар айни замон дар Тоҷикистон зиёда аз 5 миллион истифодабарандагони телефонҳои мобилист ва беш аз 6 миллион одам дар мавзеъҳои алоқаи мобилӣ фаро гирифта зиндагӣ мекунанд.

Ҳангоми кори алоқаи мобилӣ бахшҳои асосии вай – телефонии кандуӣ ва истгоҳи базавӣ, майдони электромагнитиро ба вуҷуд меоранд. Истифодабарандагони телефонии мобилӣ ва одамони ҷои зисташ дар наздикии иншооти алоқаи мобилӣ қарордошта дар ин майдони электромагнитӣ ҷойгиранд.

Гуфтан мумкин нест, ки майдони электромагнитии телефони мобилӣ аз паҳлӯи одам мегузарад. Ҳангоми гуфтугӯ бо телефонии мобилӣ майдони электромагнитӣ ба бадани одам мегузарад ва пеш аз ҳама ба воситаи бофтаҳои сар – пӯсти бадан, гӯш, қисми мағзи сар, аз он ҷумла таҳлилкунандаи биниш ҷаббида мешавад.

Бояд қайд намуд, ки масъалаҳои танзими истифодаи воситаҳои алока, аз он ҷумла телефонҳои мобилӣ тибқи қонунгузориҳои амалкунандаи Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи барқ ва алоқа», «Дар бораи таъмини ченаки ягона», «Дар боари ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон», «Дар бораи сертификатсияи маҳсулот ва хизматрасонӣ», як қатор қарорҳои Ҳукумат, санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқӣ, регламентҳои техникӣ ва стандартҳо амалӣ карда мешаванд.

Аз рӯи асноди меъёрию ҳуқуқии зикршуда, маҳсулоти мазкур ҳангоми воридот бояд ҳатман аз рӯи нишондодҳои бехатарӣ, ки тибқи маҷмӯи стандартҳо, аз он ҷумла стандарт дар бораи мутобиқати электромагнитӣ (МЭМ) танзим карда мешаванд, зери санҷиш қарор дода шуда, ба сертификатсияи ҳатмӣ фаро гирифта шавад.

Айни замон истеҳсолкунандагони телефонҳои мобилӣ дар худи асбобҳо  ё дар шиносномаҳояшон истифодабарандагонро аз таъсири зараровари онҳо огоҳ месозанд ва сатҳи нисбии тавоноии афканишоти электромагнитӣ SAR (Specific Adsorption Rate)-ро, к ибо ватт дар килограмми мағзи сари инсон чен карда мешавад, нишон медиҳанд. Дар аксари кишварҳо бузургии 1,6 Вт/кг ҳамчун ҳадди сатҳи имконпазир қабул карда шудааст. Дар ҳақиқат маълум аст, ки ҳар қадар тавоноӣ кам бошад, ҳамон қадар зарар камтар аст. Ва акнун телефонҳои мобилӣ бо сатҳи SAR-ашон 2 Вт/кг қариб, ки вуҷуд надоранд. Қимати сатҳим азкур айни замон маъмулан камтар аз 1,5 Вт/кг-ро ташкил медиҳанд ва аз ҳама такмилёфтаашон бузургии аз 0,5 Вт/кг пастро дороянд.

Тадбирҳои эҳтиётии эминӣ кадоманд?

Месазад дар бораи он андешем, ки чи гунна худро аз хатар эмин дорем:

- ҳангоми харид бояд ба мавҷудияти сертификати мутобиқати ин ё он навъи телефонии мобилӣ ва ба бузургии сатҳи тавоноии афканишоти электромагнитӣ (SAR) диққат диҳем;

- ба пеш омадани зарурат аз телефонии мобилӣ истифода набарем;

- дар хона ва ё корхона бояд аз телефонии симдор истифода намоем;

- бисётар аз SМS истифода барем;

- истифодаи телефонҳои мобилӣ барои кӯдакон ва наврасони  то 16 сола бояд маҳдуд карда шавад;

Занҳои ҳомила аз давраи муқаррар гаштани аломати ҳам аз телефонҳои мобилӣ истифода набаранд;

- ҳар чӣ камтар бо телефон гуфтугӯ намоем ва ё гӯшакҳои бесимро истифода намоем, аз рӯи имконият аз алоқаи овоздор истифода барем;

- ҳангоми гуфтугӯ асбобро бо се ангушт ва ҳатман аз қисми поёнияш доштаг зарур аст. Агар телефонро бо мушт дорем, тавоноии асбоб тақрибан 70 дарсад меафзояд ва шуоъафкании он низ зиёд мешавад;

- кӯшиш намоем телефонро камтар дар ҷайбамон гузорем, беҳтараш онро дар сумка нигоҳ дорем;

- дар хона онро дар масофаи зиёда аз 70 см аз худ дурр гузорем, хусусан ҳангоми хоб ин хеле муҳим аст;

- дар дохили автомашина, нақб ва гаражи филузӣ бо телефонии мобилӣ гуфтугӯ кардан ҷоиз нест.

Ҷӯрахон Раҳимов

сардони Раёсати таъминоти метрологии воситаҳои ченак ва аккредитатсияи Агентии Тоҷикстандарт.

  (Маҷаллаи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Категория: Мои статьи | Добавил: mc_rauf (08.01.2013)
Просмотров: 2300 | Рейтинг: 5.0/2
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]