Дараҷа
Опрос
Дизайни нави мо ба шумо махқул шуд?
Всего ответов: 309
Дустони мо
Чати хурд
 
200
Форум
Автор: mc_rauf Ответов: 1146
Реклама 150x200
Статистикаи сомона
Дар шабака хамаги: 1
Мехмонхо: 1
Истифодабарнадахо: 0
Ҳозир дар шабака:
ҳаст
Имруз
Наши реквизиты
Главная » Статьи » Мои статьи

Кӯдак ва хониш

Хониш калиди донишандӯзӣ буда, аз беҳтарин василаи пешрафти тамаддунҳо ба ҳисоб меравад. Бо хониш ҳамроҳӣ ва ҳамнишинӣ бо нависандаҳову андешамандон сурат мегирад ва аз зиндагию илми гузаштагон ва муосирини худ маълумот ба даст меоваред.

Худованд дар нахустин оятҳое, ки ба Расули худ (с) нозил намуд, ба хонданаш дастур доду фармуд: «Бихон ба номи парвардигорат, ки офарид» (сураи Алақ, ояти 1)

Мураббиён ба омӯзиши хониш барои кӯдакон дар нахустин рӯзҳои умр тавсия кардаанд.

Инак марҳилаҳои омӯзиши хониш  барои кӯдакон баён мегардад:

1. Марҳилаи ба даст гирифтани китоб

Ин марҳила дар соли аввали зиндагии тифл падид меояд. Таваҷҷӯҳ ба китоб пайдо намуда, китобро ба даҳон мегирад ва саҳифаҳои онро пора мекунад. Барои ин, ки ин таваҷҷӯҳи ӯ ба коғазу китоб пухта шавад, метавон варақҳое аз ҷумлаҳои қадимиро, ки манзараҳои ҷаззобе доранд, дар ихтиёри ӯ қарор диҳем, то бо онҳо унс гирад.

2. Марҳилаи ишора ба тасвиру манзараҳо

Ин марҳила баъд аз понздаҳ моҳа шудани тифл оғоз мегардад, ки кӯдак таваҷҷӯҳи ҷиддӣ ба аксҳои китоб пайдо мекунад. Дар ин марҳила модар метавонад нақши арзандаеро бозӣ кунад, ки саҳифаҳои китобро баргардонад, то кӯдак бо алоқмандӣ ба манзараю тасвирҳои он ишора намояд.

3. Марҳилаи номгузории ашё

Ин марҳила аз якуним солагии кӯдак шурӯъ шуда, тифл бо номи ашё (чизҳо) ошно мешавад. Ин марҳила ба ӯ кӯмак мекунад, то ба ёдгирии номи ашё калимаҳои зиёдеро биёмӯзад. Масалан: ин қалам аст; ин мошин аст ва мекӯшад, ки аз модараш бипурсад, ки ин чист? Ва модар бояд хеле бо нармиву муҳаббат номҳои ашёро ба кӯдак бигӯяд.

4.Марҳилаи  муҳаббат ба қиссаҳои осон:

Ин марҳила баъд аз ду солагӣ оғоз гардида, тифл дӯст дорад дар мавриди ҳар аксу тасвир қиссаи кӯтоҳе  бишнавад.

5.Марҳилаи ҷустуҷӯи ҳақиқат

Ин марҳила баъд аз сесолагӣ падид омада, кӯдак тасвири ашёро ҳақиқат пиндошта, гоҳе дасташро дароз мекунад, то тасвирро бигирад ва гоҳе мебӯсад.

6. Марҳилаи мулоҳизаи калимаҳо

Кӯдак баъд аз чаҳорсолагӣ метавонад дар мавриди аксҳо назар бидиҳад ва ба шакли ҳарфҳо низ мисли тасвирҳо таваҷҷӯҳ пайдо кунад.

7. Марҳилаи дарки робитаи байни матну тасвир

Тифл дар панҷсолагӣ аз ҳамроҳӣ бо дигарон баҳра мегирад ва маҳоратҳои иҷтимоии ӯ афзоиш меёбанд. Дар ин марҳила кӯдак аз чизҳои хандаовар хушаш меояд. Ба хусус тасвирҳои хандаовар.

8. Марҳилаи касби одатҳои асосии хониш

Ин марҳила дар синни шаш солагӣ оғоз мешавад ва кӯдак метавонад баъзе корҳои фикриро анҷом диҳад. Аз ҳамин ҷиҳат ин син барои вуруд ба мактаб муносиб аст, ба иловаи рушду заковати тифл.

9. Марҳилаи афзоиши шинохти муҳити атроф

Ин марҳила аз ҳафтсолагӣ шурӯъ мешавад. Дар ин марҳила кӯдак метавонад дар мавриди ҳодисаҳои муҳити худ иттилоъ ҳосил намуда, ҳақиқатҳоро дарк намояд ва хондани афсонаҳои хаёлиро дӯст медорад, аммо тавоноии ҷудо кардани достонҳои хаёлӣ аз ғайри хаёлиро надорад.

10. Марҳилаи интиқол аз хаёлӣ ба сӯи воқеият

Аз 9 солагӣ шурӯъ гардида, дӯст дорад достонҳои сафарномавӣ ва он чи марбут ба зиндагии кӯдакон мешавад, бихонад.

11. Марҳилаи коҳиши достонҳои хаёлӣ

Аз синни даҳсолагӣ  оғоз мешавад. Дар ин марҳила мебинем, ки фарзанди мо қаҳрамонон ва моҷароҷӯёнро дӯст доранд ва талош  мекунанд, то аз онҳо тақлид намоянд. Дар ин марҳила лозим аст,  мазӯъҳое барои хондан интихоб шаванд, ки бо пояҳои ахлоқӣ мухолифат надошта бошанд.

Аслиддин Имомӣ

Категория: Мои статьи | Добавил: mc_rauf (08.01.2013)
Просмотров: 1923 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]