Дараҷа
Опрос
Ту Донишҷу ҳасти
Всего ответов: 607
Дустони мо
Чати хурд
 
200
Форум
Автор: mc_rauf Ответов: 1146
Реклама 150x200
Статистикаи сомона
Дар шабака хамаги: 2
Мехмонхо: 2
Истифодабарнадахо: 0
Ҳозир дар шабака:
ҳаст
Имруз
Наши реквизиты
Главная » 2011 » Октябр » 11 » Замоне ки узбак тоҷик мешавад.
21:26
Замоне ки узбак тоҷик мешавад.

Замоне ки узбак тоҷик мешавад

 

    Худ ин порчаи видеоро тамошо кунед ва бубинед, ки чй тавр бефаросатию сабуксории як узбак ба номи миллати точик дог ва лаънат меорад. Узбакхо дар кишвари худ ва хатто дар Точикистон ва хатто дар тамоми Осиёи Миёна калонигарй мекунанд. Онхо садхо хазор ва шояд миллионхо точикро дар Узбакистон мачбур карданд, ки дар шиносномаашон калимаи «узбак» навишта шавад. Аммо вакте ки ба Русия мардикор шуданд, дар холати ногуворе афтанд, худро «точик» меноманд. Ин гуна ходиса чандин бор руй додааст.

   Холо ин порчаи видюро бинед, ки як мастбачча худро точик муаррифй кардааст:

   Хакикаташ ин аст, ки бисёрихо вакте дар сари чиноят ё кори ношоиста ба даст афтанд, аввалтар аз хама худро точик меноманд ва як сабаби дар расонахои ахбори оми Русия асосан ба номи точикон васл шудани бисёр ходисахо аз хамин номардии намояндагони миллатхои хамсояи мо сар мешавад. Шояд сабаб ин будааст, ки дар ибтидо муносибати русхо бо точикон дар Русия хуб буд ва моро хамчун мардуми орому чиддй ва захматкаш мешинохтанд.

   Холо хам дар шахру дехоти дурдасти Русия ба точикон назари  нек доранд. Ин ба фикрам боз аз он сабаб хам хаст, ки бисёрихо аз хабархои нохуши чанги Точикистон огоханд ва дилашон ба точикон месузад. Аслан бигирем, бисерии русхое, ки ман вохурдам, одамони хуб ва аз хама мухимаш АДЛПАРВАР хастанд. Дуруст аст, ки майнуширо дуст медоранд, баъзан аз худ мераванд, дар байни онхо нажодпарастони гузаро хам хастанд, вале ман ба сурати умум гуфта истодаам.

   Як узбаки дигар дар як видео, ки дар интернет хаст, одати харбозии хаммиллатони худашро низ ба точикон пайваст кардааст. Агар ба чехрааш хубтар нигох кунед, мебинед, ки узбак аст ва дар суханаш хам баъзе калимахои хоси узбакй садо медихад.

   Як чизи ачоиби дигараш ин ки то замоне ки Чиммии сурудхонро касе намешинохт, вай точик буд ва бо номи «Таджик Джимми» машхур шуд. Акнун вакте ки машхур гашт, узбакхо дар сайтхои худ батакрор менависанд, ки вай на точик, балки узбак аст ва бояд «Узбек Джимми» номида шавад. Аммо ин бародарон фикр намекунанд, ки чаро вай бо номи точик машхур шуд, сабаб чй буд?

   Аз хакикат дур наравем, точикони худамон хам дар рафтору кирдорашон эхтиёт ва фаросат нишон надоданд ва ин хам сабаби костани обруи хамаи мо дар Русия гардидааст. Вале бо вучуди ин ман фикр мекунам, образи Равшану Джамшуд на аз руи мо, точикон, балки аз руи бисёре аз рафтору кирдори миллатхои дигар сохта шуда, бадбахтона, ба номи мо часпидааст.

 

Просмотров: 1117 | Добавил: mc_rauf | Рейтинг: 4.7/3
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]